ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои Урдун ва Покистон муайян гардид

Ноябрь 9, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболро барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо  дастаҳои мунтахаби  Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод) эълон намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10 ноябр дар шаҳри  Душанбе омодагӣ ба бозиҳоро оғоз менамояд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаҳои мунтахаби  Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард