ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дастаи Покистонро мағлуб намуд

Ноябрь 21, 2023 15:58

ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дуюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» дастаи мунтахаби Покистонро мағлуб намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Ҷинна»-и Исломобод баргузор шуда, бо ҳисоби 6:1 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии якуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Урдун бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ бозӣ намуд.

Ҳамин тариқ, ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар гурӯҳи «G»-и даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо 4 имтиёз дар ҷой аввал қарор дорад.

Бозии навбатии ин гурӯҳ байни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Арабистони Саудӣ ин бегоҳ баргузор мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2023 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард