Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Иброз гардид, ки самараи дӯстиву бародарии муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар тамоми самти ҳамкорӣ пешравиҳо дида мешаванд.
Дар идома гуфта шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо давлати бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу давлатҳо муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад. Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил карда шудааст.
Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории байнипарлумонӣ ва муносибатҳои таърихиву бародаронаи ҳар ду давлат соли 2011 Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки ба таҳкими пояи пайвандҳо ва муштаракоти дӯстии байни ду миллат дар сатҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон заминаи воқеӣ гузошт.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки тавсеаи равобит ва ҳамкории Теҳрон ва Душанбе бисёр ҳоизи аҳамият аст.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






