Ширкати «Зардолу ва компания» дар Намоишгоҳи байналмилалии воридотии Чин меваҳои хушки шаҳдбори Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Ноябрь 14, 2023 13:14

ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Зардолу ва компания» маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи худро дар намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти воридотӣ, ки дар шаҳри Шанайи Чин аз 5 то 10 ноябр доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии воридотии Чин (CIIE)  имконияти хубе барои муаррифии маҳсулоти худ ба доираи васеи мутахассисон, пайдо намудани шарикон ва мизоҷони нав аз ҳисоби мутахассисони харидор, ки занҷирҳои чакана ва яклухтфурӯшонро намояндагӣ менамоянд, ба ҳисоб меравад.

Дар намоишгоҳи калонҳаҷм тақрибан 3400 намояндаи  зиёда аз 150 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Намоишгоҳ соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати мошинсозӣ, саноати кимиё, технологияҳои интернетӣ, истеҳсол ва таъминоти компютерӣ, саноати нассоҷӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва дорусозиро фаро гирифт.

Иштирок дар чунин намоишгоҳи бузург имкон медиҳад, ки робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо давлатҳои гуногун густариш ёфта, бо шарикони нав гуфтушунидҳои корӣ анҷом дода шаванд.


Бояд гуфт, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Зардолу ва Компания» ба парвариш, ҷамъоварӣ, бастабандӣ ва ба навъҳо ҷудо намудан, хунук кардан, нигоҳдорӣ ва содироти меваи тар ва хушк машғул аст, ки иқтидори кориаш дар як шабонарӯз то ба 50-55 тонна мерасад. Дар сардхонаҳои иншоот беш аз 200 тонна мева дар як вақт дар ҳарорати зарурӣ нигоҳ дошта мешаванд. Иншооти он аз 4 қисмат иборат буда, масоҳати умумиаш 675 метри мураббаъ аст. Қисмати якуми он барои қабули мева, қисмати дуюм барои навъҷудокунӣ, поксозӣ ва банду басти он барои содирот, қисмати сеюм барои нигоҳдорӣ дар сардхона ва қисмати чорум барои бор намудан ба нақлиёти махсуси боркаши дорои яхдон пешбинӣ шудааст.

Корхона бештар ба давлатҳои дигари ҷаҳон маҳсулот содирот менамояд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Ноябрь 14, 2023 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт