Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и пойтахт ба номи Бозор Собир гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 21.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади абадӣ гардонидани хотира ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир гузошта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи ба номи шоири маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи 3 Бозор Собир гузоштани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод менамояд.
Ёдовар мешавем, ки маҷмуаҳои ашъори Бозор Собир «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳаводорони зиёд доранд. Шоир соли 1988 барои китоби «Бо чамидан, бо чашидан…» Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифтааст.
4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоири маҳбуб Бозор Собир Ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи 3-ро тақдим намуданд.
Шоири тавонои тоҷик Бозор Собир дар шеърҳояш пайваста ватандӯстӣ, гиромӣ доштани забони модарӣ ва таъриху тамаддуни миллати тоҷикро тарғиб менамуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад






