Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №136 ба истифода дода шуд
РӮДАКӢ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №136-и ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Бинои нави иловагии муассиса аз ду ошёна ва 12 синфхона барои 240 ҷойи нишаст дар 2 баст иборат буда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои асосии низоми иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Барои рушди устувори соҳаи маориф ва муҳайё намудани шароити мусоиди таҳсилу тадрис дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.
Яке аз мушкилоти асосии соҳаи маориф- ин норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад, ки сол то сол ин мушкилӣ ҳалли хешро меёбад. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №136 мушкилоти норасоии ҷойи нишаст мавҷуд буд, ки бо сохтани бинои иловагӣ ин мушкилӣ бартараф гардид.
Зимни ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ падару модарон ва омӯзгорони муассиса ваъда доданд, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб сохтмони филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф идома дорад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 36 муассисаи таълимӣ ба таври шартӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шаш ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Қариб 3 километр роҳи деҳаи Шодмон яки шаҳри Турсунзода мумфарш карда шуд
Дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои томактабӣ бештар гардидааст
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд






