ДАРАХТ БИНШОН! Ниҳолпарварони шаҳри Ваҳдат 120 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва мевадиҳандаро ба фурӯш омода намуданд

Декабрь 3, 2023 13:20

ВАҲДАТ, 03.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат соли 2023 зиёда аз 17 намуд навъҳои ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ҳамешасабз парвариш намудаанд. Онҳо қаламчаи навъҳои ниҳолҳои босифатро аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Файзобод, Шаҳринав ва водии Рашт дастрас намудаанд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои мутахассисони Корхонаи ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат, соли 2023 ниҳолпарварони хоҷагӣ дар 17 гектар замини хоҷагӣ 310 ҳазору 69 бех ниҳол парвариш намуданд. Ниҳолҳои истеҳсолшуда дорои сифати хуб буда, онҳоро 16 мутахассиси корхона омода сохтаанд. Ҳар дарахтро дар дарахти дигар ба тариқи муғчапайванд пайваст намудаанд. Дар айни замон дар корхона 120 ҳазор бех дарахтони намудҳои гуногуни себу нок, олу, бодом, чормағз, хуч, олучаи самарқандӣ, гелос, зардолу ва намудҳои бисёри дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз барои фурӯш омода мебошанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат- ин таъмини хоҷагиҳои ҷангали шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон бо ниҳолҳои гуногун мебошад. Корхона тариқи бастани шартномаҳои хариду фурӯш онҳоро бо дарахт таъмин менамояд.

Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат дар якҷоягӣ бо саҳмдорони хоҷагӣ имсол зиёда аз 25 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда ва ороиширо бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ ва хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш баровард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 3, 2023 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд