Дастаи футболи хурди «TAJNSK» дар мусобиқаи Ҷоми вилояти Новосибирск ба финал баромад

Декабрь 19, 2023 17:01

ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи хурди «TAJNSK»-и Клуби футболи тоҷикони шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия дар Ҷоми вилояти Новосибирск бо ҳисоби 4:1 ба дастаи «Сибир»-и вилояти Новосибирск ғолиб омада, ба даври финалии Ҷоми вилояти Новосибирск роҳ ёфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.

Дар маросими ниҳоии мусобиқа 22 декабри соли 2023, соати 22:00 ба вақти вилояти Новосибирск дар майдони футболи хурди «Манеж Заря» дастаи «TAJNSK»-и тоҷикон ба дастаи ПРФ вилояти Новосибирск вориди майдон мешавад.

Дастаи «TAJNSK»-и тоҷикони вилояти Новосибирск дар мусобиқаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва федералӣ аз рӯи намуди футболи хурд (дастаҳои 5/5, 6/6, 7/7 ва 8/8) иштирок намуда, солҳои 2021 ва 2022 дар Лигаи якуми футболи хурд дастовардҳои шоистаро соҳиб шудааст.

Дар ин мусобиқа дастаи «TAJNSK» аз рӯи тақвим бо дастаҳои вилояти Новосибирск 31 бозӣ намуда, бозигарони ҳайати даста ба дарвозаҳои ҳарифон 75 гол ворид намудаанд. Клуби футболи тоҷикони шаҳри Новосибирск «TAJNSK» аз ҷониби соҳибкори ватандӯсти миллати тоҷик дар ин минтақа Ёқубҷон Назиров таъсис ва маблағгузорӣ шуда, ҳайати даста бо либосҳои ягона, таҷҳизоти тамринӣ ва мошин барои ҳайати даста таъмин шудаанд. Ба ҳайати даста тоҷикони муқимӣ, донишҷӯёни тоҷики ин минтақа шомил буда, ҳайати даста дар майдони иҷоравӣ, ки аз ҷониби соҳибкор маблағгузорӣ мешавад, пайваста тамрин менамояд.

АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2023 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд