ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, ҷумъа, 342-юмин рӯзи соли 2023 аст
8 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IV Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир гардид.
***
8 декабри соли 2009 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи VII комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
***
8 декабри соли 2010 вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.
***
8 декабри соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи 7 декабр бо собиқ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва раисони 8 шаҳру ноҳияи вилоят- Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Ба Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки аз аҳволи аҳолии осебдида пайваста бохабар бошанд ва барои ба ҷойҳои зисти муваққатӣ кӯчонидан, бо маводи озуқаворию либос ва ёрии тиббӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018, ки 18-19 август бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт баргузор гардида буд, сазовори медали нуқра- мукофоти байналмилалӣ дар соҳаи баргузориии чорабинӣ ва рӯйдодҳои маркетингии Осиёи Марказӣ («Event Awards Central Аsia») гардид.
***
8 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вохӯрии 11-уми солонаи муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
***
8 декабри соли 2022 ба муносибати таҷлили санаи муҳим- 30 соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин бо Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, шинос шуд.
8 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Дар Булғористон – Рӯзи донишҷӯён.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Мирзоватан Миров -соли 1949 -ҳунарпеша ва коргардони театр, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998). Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ (1987) дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (2006).