ҶУДО: Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 31.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, ки Чемпионати ҷаҳонии ҷудо дар соли 2024 аз 19 то 24 май дар Абузабӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб) баргузор мешавад.
Амороти Муттаҳидаи Араб солҳои зиёд шарики муҳими Федератсияи байналмилалии ҷудо буда, аз соли 2009 аввалин Гран-прии Абузабиро баргузор намуд, ки баъдан ба Гранд-слам табдил ёфт. Моҳи октябри соли 2023 Абузабӣ мизбони Чемпионати ҷаҳон байни собиқадорон буд.
Чемпионати ҷаҳон мусобиқаи асосӣ барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Париж мебошад. Варзишгарони беҳтарин аз саросари ҷаҳон барои пирӯзӣ ва мустаҳкам намудани ҷойи худ дар Бозиҳои олимпӣ дар он иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳонии ҷудо як медали биринҷӣ дорад. Онро соли 2007 паҳлавони шинохта Расул Боқиев дар Рио-де-Жанейро сазовор гаштааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид






