Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 87-уми Кумитаи Созмони миллали Муттаҳид оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни иҷлосияи 87-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон дар шаҳри Женева ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гузориши миллии даврии ҳафтуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба иҷрои муқаррароти Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон пешниҳод намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Ҳайати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иборат буда, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар иҷлосия иштирок намуд.
Аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши занон дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, алалхусус рафъи табъиз нисбат ба занон, баробарии гендерӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустии занон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегарданд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария













Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






