Ҷаласаи гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 6-уми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди дидбонгоҳҳои «Патар» ва «Сарват» дар каналҳои байнидавлатии канали калони Фарғона ва канали шимолии Фарғона», ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ маблағгузорӣ шудааст, баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа, ки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамроев, инчунин ҳайатҳои ҳарду давлат ва шарикони рушд иштирок доштанд, иқдоми минбаъда ҷиҳати истифодаи дидбонгоҳҳои автоматикунонидаи «Патар» ва «Сарват» ва имконияти татбиқи лоиҳаҳои нави байнидавлатӣ дар соҳаи захираҳои об ва дигар масъалаҳои марбута байни Тоҷикистон ва Узбекистон муҳокима шуданд.
Инчунин дар доираи ҷаласаи 6-уми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ маросими ифтитоҳи дидбонгоҳҳои автоматикунонидаи «Патар» ва «Сарват» доир шуд. Он ба таври автоматӣ сабт ва интиқоли маълумот дар бораи ҷараёни об дар ин дидбонгоҳҳо ва идоракунии самараноки захираҳои об дар каналҳои байнидавлатиро таъмин менамояд.
Бояд гуфт, ки автоматикунонии дидбонгоҳҳои «Патар» ва «Сарват» дар раванди рақамикунонии соҳаи об яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикист










Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Чин баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 55 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои Тоҷикистон тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ анҷом дода шуд
Телевизиони «Синамо» силсилафилми ҳунарии «Нерӯи ишқ»-ро таҳия намуд
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид
Дар Душанбе масъалаи таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он баррасӣ шуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор гектар шолӣ кишт карда шудааст
Хатсайри қатораи Душанбе – Москва — Душанбе пас аз 6 сол барқарор гардид
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид






