Ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд пешниҳоди Рӯзи ҷаҳонии футболро ҷонибдорӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири ҷонибдорӣ намудани пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати расман эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол дар маҷмааи варзишии Хуррамшаҳри донишгоҳ мусобиқаи футбол баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд иброз намуданд, ки мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати расман эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол амали саривақтӣ буда, барои эҳтиром ба солимии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди футбол басе муҳим аст.


Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, бунёди иншооти варзишӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва омодакунии варзишгарони касбӣ мусоидат намуданд. Воқеан варзиш дар ҳамаи давру замон муаррифи ҳар давлат буда, хусусан дар замони муосир яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат маҳсуб мешавад.
Мусобиқаи варзишии футбол байни устодон ва донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд то 2 март идома ёфта, ғолибони мусобиқа бо Ҷом, диплом ва туҳфаҳо қадршиносӣ мешаванд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Дар Тоҷикистон сифати таҳсил баланд арзёбӣ мегардад, вале қонеъкунанда нест
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Барои такмили ихтисоси мураббиёну омӯзгорон фаъолияти таълимӣ аз рӯйи низоми модулӣ оғоз гардид
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Носири Хусрав фарогирии кӯдакон ба муассисаи томактабӣ 3,2 фоиз зиёд гардидааст
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд
Дар ноҳияи Кӯшониён 21 Маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон ба як омӯзгор 18 хонанда рост меояд
Хонандагони фаъоли пойтахт дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии «Шарора» таътили босамар мегузаронанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
Маркази миллии тестӣ гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд






