Дар Боку масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Таиланд мавриди баррасӣ қарор гирифт

Февраль 22, 2024 18:01

ДУШАНБЕ, 22.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Боку дар доираи иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси миллии Шоҳигарии Таиланд Ван Муҳаммад Нур Матҳа мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба ояндаи ҳамкории созанда бо Таиланд назари нек дорад ва омодааст, ки ҷиҳати рушду тавсеаи он дар ҳамаи бахшҳо пайгирона талош намояд.

Изҳори умед карда шуд, ки муносибатҳои байнипарлумонӣ ба густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Таиланд такони тоза мебахшанд.

Маҳмадтоир Зокирзода пешниҳод намуд, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ барои ҳамоҳангсозии муштарак таъсис дода шавад.

Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати рушд ва тавсеаи робитаҳо изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2024 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ