Дар муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодии Теҳрон «Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон» баргузор шуд

Февраль 23, 2024 15:33

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал бо ҳамкории Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)  дар қароргоҳи ин муассиса маросими «Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросим Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба ҷойгоҳи «Шашмақом» ва «Фалак»- мусиқии суннатии тоҷикӣ сухан гуфт.

Сафири Тоҷикистон ёдовар шуд, ки пас аз соҳибистиқлолӣ Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба рушди ин навъи мусиқӣ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, онро дар дохил ва хориҷ густариш доданд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи шашмақом ва фалак таҷлил мегардад ва овозхонҳои тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок  намуда, ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд.

Сафири Тоҷикистон дар идома ба тарвиҷу таъмиқи пайвандҳои фарҳангии ду давлат- Тоҷикистон ва Эрон ишора намуда, баргузории «Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон»-ро намунае хуби он тавсиф намуд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ва роҳбари ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистон дар Эрон зимни муҳим хондани ҳамкории фарҳангии ду давлат таъкид намуд, ки ин ҳамкорӣ рӯз ба рӯз амиқтару бештар мешавад.


Сипас, навозандаю овозхонҳои машҳури тоҷик барои ҳозирон намунаҳое аз шашмақом ва фалак пешкаш намуданд, ки онро аҳли нишаст самимона истиқбол намуд.

Дар идомаи ин маҳфил видео аз ҳамкории Устоди равоншод Давлатманди Хол бо Шаҳроми Нозирӣ-хонандаи саршиноси эронӣ пахш гардид.

Дар нишаст аз сӯи ҳунармандони пешгоми эронӣ ба поси хотири устод Давлатманд Холов «Лавҳи тақдир» эҳдо гардид.

Ҳамчунин китоби «Тарозуи чашм»- маҷмуаи ашъори Давлат Сафарзода, ки чанде пеш аз тариқи интишороти «Орван»-и Теҳрон бо форсӣ нашр гардид, рӯнамоӣ шуд.

Меҳмонон дар ин маросим бо намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ, либосҳои миллӣ ва осори наққошони тоҷик шинос шуданд.

Дар ин барнома сафирони муқими Теҳрон, ҳунармандон ва шахсиятҳои фарҳангӣ, сафирони собиқи Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд