ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Варзоб беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд

Февраль 26, 2024 17:39

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар Маркази таълимӣ-таҷрибаомӯзии сайёҳӣ ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, воқеъ дар минтақаи Варзоб беш аз 200 бех ниҳоли  дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд. Дар ин хусус       АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта шуд, ки ниҳоли дарахтон аз ҷониби гурӯҳи  омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо мақсади саҳм гузоштан дар раванди ба «мамлакати сабз» табдил додани ҷумҳурӣ шинонида шуда, ҳамзамон атрофи муассиса аз ҳар гуна партовҳо тоза гардид.

Маркази таълимӣ-таҷрибаомӯзии сайёҳӣ ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар минтақаи Варзоб яке аз мавзеъҳои замонавӣ маҳсуб шуда, донишҷӯёни риштаи сайёҳии донишгоҳ аксари машғулияти амалӣ ва таҷрибаомӯзиашонро дар ин марказ мегузаронанд.

Роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки дар ин марказ барои бунёди Маҷмааи таълимӣ-таҷрибаомӯзии муҷаҳҳаз бо воситаҳои техникии муосир тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Февраль 26, 2024 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд