Музди меҳнати аз ҳама баланд ба соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво ва сохтмон мансуб аст

Февраль 13, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ«Ховар»/. Музди меҳнати аз ҳама баланд соли 2023 дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок беш аз 3 ҳазору 646 сомонӣ, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво- 3 ҳазору 634 сомонӣ, сохтмон- беш аз 3 ҳазор сомонӣ, маориф- 1 ҳазору 645 сомонӣ ва дар соҳаи тандурустӣ- 1 ҳазору 344 сомониро ташкил дод. Дар ин хусус 13 феврал Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони расонаҳои хабарии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Гулнора Ҳасанзода афзуд, ки музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст, соли 2023 дар миқёси ҷумҳурӣ 2013,11 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2022 (1760,29 сомонӣ) қариб 252 сомонӣ ё 14,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки камтарин музди меҳнат дар ин давра дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ рост омад, ки қариб 812 сомониро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд