РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Ҷавонону варзишгарони Истаравшан ин пешниҳодро ҷонибдорӣ менамоянд
СУҒД, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонону варзишгарони шаҳри Истаравшан ҳамовозиашонро аз пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ ҷиҳати эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бо баргузории роҳпаймоии осоишта иброз намуданд.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд, ҳазорҳо ҷавонону варзишгарон, аз ҷумла ҳайати дастаи футболи «Истаравшан», аъзо ва ҷонибдорони «ФАНКЛУБ»-и дастаи футболи шаҳр, собиқадорони соҳаи варзиш бо бардоштани шиору овезаҳо тавассути хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр роҳ паймуда, дар майдони «Нишони давлатӣ» ҷамъ омаданд.
Раиси шаҳри Истаравшан дар назди иштирокчиёни ҳамоиш сухан гуфта, ҳамовозии ҷавонону варзишгарони шаҳри Истаравшанро ба пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қобили дастгирӣ арзёбӣ намуд.



Воқеан, варзиш дар ҳамаи давру замон муаррифи давлат буда, дар замони муосир яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат маҳсуб мешавад.
Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ як силсила санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, баргузор намудани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ва омодакунии варзишгарони касбӣ мусоидат намуданд.
Таъкид гардид, ки пешниҳоди Рӯзи ҷаҳонии футбол саривақтӣ ва дорои хусусияти умумиҷаҳонӣ буда, ба рушди минбаъдаи футбол дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мусоидат менамояд. Дар ин замина оид ба рушди футбол дар шаҳри Истаравшан ва ташкили шароити мусоид барои дастаи футболи «Истаравшан» маълумот дода шуд.
Дар ҳамоиш суруду оҳангҳои ватандӯстона пешниҳод шуданд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






