Тоҷикистон ва Қатар дар самти мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ ҳамкории мутақобиларо тақвият медиҳанд

Февраль 3, 2024 10:39

ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом табодули маълумотро бо мақомоти кашшофии молиявии хориҷӣ амалӣ намуда, бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар доираи ваколатҳо санадҳои дуҷониба ба имзо мерасонад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо ин мақсад чанде қабл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар (21-22 январи соли 2024) «Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм» ба имзо расонида шуд.

Санад барои ҳамкории мутақобил ва мубодилаи иттилоот заминаи мусоид муҳайё намуда, имкон медиҳад муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар самти мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ошкорнамоӣ, санҷиш ва пешгирии ҳолатҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тақвият ёфта, ба рушди низоми миллии ҷумҳурӣ дар ин самт мусоидат намоянд.

То имрӯз 20 санади ҳамкорӣ байни департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (мақомоти кашшофии молиявии ҷумҳурӣ) бо мақомоти кашшофии молиявии кишварҳои хориҷӣ имзо гардида, дар доираи ин санадҳо табодули маълумот доир мегардад.

Имзои «Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм» дар шароити афзудани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои террористию экстремистӣ дар минтақа ба табодули иттилооти тарафайн дар ин самт мусоидат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 3, 2024 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид