Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бахшида ба 29-солагии ниҳоди Ваколатдори Олии Маҷлис оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Узбекистон (Омбудсман) конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода чун намоянда аз ҷониби Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар таъмини ҳифзи шахсони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфт. Ҳамчунин доир ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти тасдиқи (ратификатсияи) Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба баррасии муроҷиатҳои маъюбон ва монанди инҳо ибрози назар карда шуд.
Дар конфронс ваколатдорон аз давлатҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла роҳбарони ниҳоди байналмилалии омбудсменҳо аз Туркия, Италия, Австрия, Венгрия, Лаҳистон, Сербия, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Шоҳигарии Марокаш, аъзои Парлумон ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Узбекистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Ҳамзамон дар конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуд.
Дар доираи конфронс Умед Бобозода бо ваколатдорони ин давлатҳо суҳбату вохӯриҳо намуд. Ҷиҳати ҳамкорӣ ва минбаъд бастани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омбудсменҳои ин мамлакатҳо мувофиқа ба даст омад.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад






