Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ, ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбӣ ва дигар мақомоти давлатии вобаста ба даъват ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ вобаста ба иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба даъвати баҳории соли 2024 ва тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватӣ муҳокима шуда, масъулин натиҷаи даъватҳои пешин ва сатҳу сифати хизмат дар ҳайати захираҳои даъватиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, шахсони масъулро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуданд.
Ҳамзамон масоили омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои даъватӣ, мутобиқ ба талаботи қонунгузории низомӣ гузаронидани тайёрии тодаъватии ҷавонон баҳри адои хизмати ҳарбӣ, омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатии вобаста ба даъват ва тақвият додани корҳои мақсаднок дар ҷараёни даъват аз масъалаҳои дигари баррасигардида дар ин ҷамъомад маҳсуб мешуд, ки аз ҷониби иштирокчиён маврди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт.
Дар охири ҷаласа иштирокчиён баҳри дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»






