Дар Хатлон масъалаи ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилоят баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Хатлони бостон» дар шаҳри Кӯлоб бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок мулоқот анҷом дод, ки зимни он масъалаи ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ сол то сол рушд меёбад, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.
Раиси вилоят доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имконияти васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дода, иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.
Таъкид гардид, ки барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ заминаҳои хуб ва умедбахш фароҳам оварда шудаанд.
Сафири Кореаи Ҷанубӣ иброз дошт, ки ҳоло барои татбиқи се лоиҳаи бузург дар вилояти Хатлон кор мебаранд ва дар нақша аст, ки моҳи майи имсол санги асоси яке аз корхонаҳо гузошта шавад.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат ва кишоварзӣ, маориф, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни минтақаву вилоятҳои ду мамлакат, сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт






