МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Нуриҳои маъданӣ дар афзоишу нашъунамои зироат ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ нақши асосӣ доранд

Март 10, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 10.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ба деҳқонон тавсия медиҳанд, ки  истифодаи оқилонаи нуриҳои маъданиро риоя намоянд, зеро ин яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва зироати кишоварзӣ мебошад.

Ворид намудани нуриҳои маъданӣ ва органикӣ ба хок аз рӯи меъёр вобаста ба намуди зироат бояд илман асоснок, яъне дар асоси талаботи растанӣ ва таъминнокии хок бо моддаҳои ғизоӣ муайян шавад. Аз ин лиҳоз, гузаронидани ташхиси хок барои муайян намудани ҳосилхезии он барои истифодабарандагони замин муҳим ва зарурӣ мебошад.

Таҷрибаи хоҷагидорон ва мушоҳидаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки на дар ҳамаи хоҷагиҳо истифодаи нуриҳои фосфорӣ бинобар сабаби гаронарзиш будан ба таври васеъ амалӣ шудааст. Дар ин маврид истифодаи поруи мурғ ва хокистар айни муддао аст. Хокистар дар таркибаш бештар фосфор, калий ва дигар унсурҳои ғизоӣ дорад. Ҳангоми дар як сол рӯёнидани 3 ҳосил яке аз зироат бояд аз оилаи лӯбиёдонагиҳо интихоб ва кишт шавад.

Макроэлементҳои асосии растанӣ, аз қабили нитроген, фосфор ва калий дар ҳаёти растанӣ нақши муҳим мебозанд. Нитроген дар синтези сафеда ва дигар пайвастаҳои органикии сафедадор дар растанӣ иштирок намуда, ҷараёни инкишофи растаниро муайян менамояд. Фосфор системаи решаҳо ва ташаккули узвҳои генеративии растаниро пурзӯр намуда, ба таркиби ферментҳо дохил мешавад. Дар мавриди аз фосфор таъмин набудани растаниҳо оксиген ба растанӣ кам дастрас мегардад, ки ин якчанд мубодилаҳои химиявиро бозмедорад. Дар ҳолати  истифодаи меъёри муқаррарии нуриҳои фосфорӣ пуррагии дони гандум таъмин гардида, миқдори моддаи сафеда ва ширешнокии орд дар дараҷаи баланд нигоҳ дошта мешавад. Аз ҳама беҳтарин намуди нурии фосфорӣ барои ҳамаи ғалладонагиҳо, аз ҷумла гандум суперфосфат мебошад.

Калий одатан ба зиёд ва ё камшавии моддаҳои сафеда ва ширешнокии дон таъсир намерасонад. Нурии  калийдор устувории растаниҳои гандумро ба камобӣ ва касалиҳо баланд мегардонад. Нурии калийдор, аз қабили калии хлордор ва сулфати калийро истифода бурдан мумкин аст.

Дар тирамоҳ асосан зироати ғалладонагӣ кишт мешавад. Хусусан гандуми тирамоҳӣ ба нуриҳои минералӣ талаботи зиёд дорад. Меъёри солонаи нуриҳо барои гандуми тирамоҳӣ: нитрогенӣ-  250-300 кг, фосфорӣ- 110-150 кг, калийдор- 60-80 кг муқаррар шудааст. Талаботи гандуми тирамоҳӣ ба фосфор аз давраи нешзанӣ то сарак бастани зироат дида мешавад. Калий аз хок аз рўзҳои аввали инкишофи растанӣ то давраи гулкунӣ ворид мегардад, лекин истифодаи зиёди он дар давраҳои найчакашӣ ва хӯшабандии растанӣ мушоҳида мешавад.

Миқдори солонаи нуриҳои фосфорӣ ва калийдорро пеш аз шудгори тирамоҳӣ ворид менамоянд, чунки ин намуди нуриҳо аз як шакл ба шакли дигар намегузаранд ва шуста намешаванд. Нуриҳои нитрогениро пеш аз шудгор истифода намебаранд, чунки ин нуриҳо шусташаванда мебошанд. Дар нашъунамои гандуми тирамоҳӣ ду давраи барзиёд истифода бурдани нитроген мавҷуд аст: дар аввали инкишоф ва дар вақти ширагирии дон. Гандуми тирамоҳӣ баъд аз давраи зимистонгузаронӣ ба нуриҳои нитрогенӣ ниёз дорад. Норасоии  нитроген дар давраи аввал ба пастшавии ҳосил, дар  давраи дуюм ба паст шудани сифати ғалладона, хусусан кам шудани миқдори сафеда оварда мерасонад. Бинобар ин, 20 фоизи меъёри солонаи нитроген ҳангоми кишт ва боқимондаи он (80 фоиз) ҳамчун ғизои якум ва дуюм ба растанӣ дода мешавад.

Ба гуфтаи мутахассисон, ҳангоми ворид намудани нуриҳои минералӣ ба ғалладонагиҳо намнокии хок бояд ба инобат гирифта шавад, ки дар ин ҳолат самаранокии нуриҳо зиёд мегардад.

Нуриҳо дар афзоиш ва нашъунамои зироат мақоми асосӣ иҷро намуда, бе истифодаи самараноки онҳо зиёд рӯёнидани ҳосили дилхоҳ  аз имкон берун аст. Илми агрохимия исбот намудааст, ки нуриҳои маъданӣ ва органикӣ ҳамон вақт самаранокии баланд медиҳанд, ки агар онҳо илман асоснок ва дар асоси ташхиси аниқи агрохимиявии хок истифода бурда шаванд.

Давоми 30 соли охир бинобар сабаби норасоӣ ва кам истифода бурдани нуриҳо ҳосилхезии хокҳо ба дараҷаи паст фаромадааст ва ин моро водор менамояд, ки дар самти барқарор намудани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Агар дар давраи пеш истифодаи нуриҳои маъданӣ ба миқдори 600 ҳазор тонна бошад, пас солҳои охир ин миқдор 150-200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, хоҷагидорону истифодабарандагони заминро зарур аст, ки қонуни асосии зироаткорӣ – баргардонидани моддаҳои ғизоии хокро, ки бо ҳосил аз замин бароварда мешаванд, риоя намуда, бо роҳи мунтазам истифода бурдани нуриҳо талафоти онро ҷуброн намоянд.

 Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 10, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад