«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Аввалин шинохти таъриху фарҳанги ҳар миллат аз либоси миллӣ ибтидо мегирад
ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, шуруъ аз имрӯз, 1 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии саросари ҷумҳурӣ бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Либос дар арсаи байналмилалӣ муаррифи давлат ва миллат мебошад.
Агар давлатро аз як ҷиҳат аз рӯйи муқаддасоташ: Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ шиносанд, аз тарафи дигар аз рӯйи либос ва фарҳангаш мешиносанд.
Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки занону духтарони тоҷик вақтҳои охир ин рукни муқаддаси миллатро камтар қадр менамоянд ва арзиши миллии онро нодида мегиранд.
Яъне таваҷҷуҳи духтарони тоҷик аз либоси миллӣ дида, ба либоси бегона бештар аст. Набояд зани тоҷик аз либоси миллии хеш дида, ба либоси бегона шавқу ҳавас дошта бошад, зеро ин ба мо – тоҷикон, мардуми дорандаи фарҳанги бою пурарзиш зебанда нест. Ин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта, вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод намуданд. Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ пешниҳод гардидааст.
Дар бахши ёздаҳуми «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод гардид, навишта шудааст, ки барои духтарон ва занон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастаи бадан намоён мешаванд, либосҳое, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия дода намешавад.
Дастурамал бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи либосҳои миллӣ таҳия гардида, Вазорати фарҳанг ва сохторҳои он дар маҳал якҷо бо кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бояд дар амалӣ шудани он мусоидат намоянд.
Дуруст мегӯянд, ки зани тоҷикро либоси миллиаш зеботар менамояд, на либоси халқу миллатҳои дигар. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки ба қадри либоси миллиамон бирасанду эҳтироми онро ба ҷо оранд, чунки зани тоҷикро дар ҳама давру замон бо либоси миллиаш мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Дaр Тоҷикистон нaфaреро пaйдо нaмудaн душвор aст, ки мaфтуни сеҳру ҷозибаи aтлaсу aдрaси Суғд, чaкaни Хaтлон, гулдӯзиҳои нотaкрори минтaқaи Рaшт, aлочaву шоҳии водии Ҳисор, рaнгҳои пурҷилои куртaву тоқӣ вa ҷӯробҳои Бaдaхшон нaбошaд. Либоси миллии мо мaҳз бо ҳaмин рaнгу ҷило дaр ҷaҳон муaррифӣ гaрдидaaст. Бояд ба ин афрод гӯшрас намуд, ки либоси миллии мо, тоҷикон аз замони пеш то ба имрӯз чакану атласу адрас мебошад ва шоирони бузурги мову ҳунармандони асили санъати тоҷик, ки аз ин муқаддасоти миллӣ бохабар ҳастанд, онро таҷассуму тараннум намуданд.
Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас…
***
Бо шоми сипеду ранги зебои чакан,
Гулрез бувад ваҷаб-ваҷаб хоки Ватан.
***
Нақши нигини алоча эъҷози ҳунар,
Афзуда ба дилбари Аҷам ҳусни дигар.
Бонуи Бадахшониву орои бараш,
Чун қуи сафеди бахт ояд ба назар.
Бояд гуфт, ки зaнону модaрони тоҷик дaр ҳaмa дaвру зaмон посдори оину aнъaнaҳои муқaддaси хaлқу миллaт бa шумор мерaвaнд. Вaқте сухaн aз либоси миллӣ мерaвaд, ҳaтмaн пеши нaзaр симои зaнон бо сaру либоси хоссa падидор мегардад.
Умед аст, ки духтарони нозанину модарони меҳрубони тоҷик ҳамеша ва дар ҳар замоне, ки набошад, фарҳанги бегона ва либоси ғайрро ба бар наменамоянд ва ҳамеша либосу зебою шинамашонро аз дигар либосҳо болотар мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» дар Тоҷикистон то 31 май идома меёбад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз