Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2024 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 105,9 фоиз таъмин гардид. Ба ҷойи 4 миллиарду 532 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ 4 миллиарду 802 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 269 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 105,3 фоиз, вилоятҳои Хатлон – 102,5 фоиз, Суғд – 101,9 фоиз, шаҳри Душанбе – 108,8 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ – 104,5 фоиз ва Раёсати андози андозсупорандагони калон – 92,2 фоиз таъмин гардид.
Дар семоҳаи якум иҷрои нақшаи андоз аз фурӯш 87,4 фоиз таъмин шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.
Таҳлилу баррасии маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи он бештар аз 40 фоизро ташкил медиҳад, ба андозаи 108 фоиз, кишоварзӣ 106,7 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдо 112,3 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 116,5 фоиз рушд ёфтааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
Дар Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мегардад
Дар Бонки миллӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд






