Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд

Апрель 4, 2024 13:07

ВАРЗОБ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Парчами миллӣ»-и ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин рӯз зиёда аз 51 даъватшаванда бо дуои неки модарон барои  ҳифзи Ватан – Модар ба сафи Артиши миллӣ ҷалб шуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб  хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар  шахси солимфикр ва бонангу номуси давлатамон мебошад.

Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  бо ҷавонони синни даъватӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронида, дар мавзуъҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ намудани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, ки дар натиҷа сафи даъватшавандагони ихтиёрӣ зиёд гардидааст.

Дар ҷараёни ҳамоиши идона собиқадорони Артиши миллӣ, волидайн ва даъватшавандагон сухан гуфта, ба роҳбарияти олии ҷумҳурӣ барои бо шароити хуби хизматбарӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ҷавонписарон ба волидайн ваъда доданд, ки қарзи шаҳрвандиро адо намуда, баъди хизмати ҳарбӣ дар хоҷагии халқ баҳри шукуфоии Ватани азиз меҳнати софдилонаро идома медиҳанд.


Дар ҷамъомад аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба даъватшудагоне, ки даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим гардид.

Ба ифтихори ин рӯз аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи   рангини ҳунарӣ, ки ба ситоиши Ватан — Модар бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Апрель 4, 2024 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд