СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи рангбарории «Тиглат» бунёд мегардад

Апрель 21, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои  рушди саноат (2022-2026) дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон сохтмони коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии рангбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Тиглат» босуръат идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Коргоҳ дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он беш аз 20 навъи рангҳо ва маҳсулот барои сохтмон истеҳсол карда мешавад. Дастгоҳу таҷҳизот аз давлатҳои Чин ва Туркия ворид гардида, маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад. Баъди ба фаъолият оғоз намудани коргоҳи рангбарории «Тиглат» беш аз 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Шаҳри Гулистон, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон яке  аз шаҳрҳои саноатӣ буда, давоми се моҳи соли равон корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи беш аз 767 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Гуфта мешавад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 89 намуди аслӣ ба роҳ монда шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 21, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Дар Душанбе вохӯрии якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Шералӣ Кабир иқтидори саноатии Тоҷикистонро дар Муколамаи «C5+1» дар Остона муаррифӣ намуд
Моҳи сентябр Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар Зафаробод сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ идома дорад