ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
15 апрели соли 1926 Анҷумани якуми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид.
***
15 апрели соли 1985 нашриёти «Шарқи Озод» таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 1996 Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии ислоҳоти кишоварзӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
15 апрели соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
***
15 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуданд.
***
15 апрели соли 2014 дар кӯчаи Дӯстматови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он, инчунин корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуд.
***
15 апрели соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
***
15 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдпак» оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд.
***
15 апрели соли 2021 Тоҷикистон ва Гурҷистон бори нахуст созишнома дар бораи иртиботи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расониданд.
***
15 апрели соли 2022 Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкади илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
15 апрели соли 2023 дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ ва маросими қадрдонии ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир шуд.
15 АПРЕЛ:
Рӯзи таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ
***
Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг.
***
Рӯзи донишҳои экологӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Шералӣ Абдулқайсов- соли 1951 — ҳунарпешаи театр ва кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон
***
Рустам Дулоев — соли 1968— сарояндаи опера. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон