Тоҷикистон ва Туркманистон тасмим гирифтанд, ки нархгузории ягонаро барои интиқолдиҳандагон амалӣ намоянд

Апрель 6, 2024 11:14

ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистону Туркманистон низоми ягонаи нархгузориро дар соҳаи нақлиёт ва логистика таҳия ва ҷорӣ менамоянд. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори генералии Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Маметхон Чакиев ба мувофиқа расиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Роҳбарони мақомоти нақлиёти ду давлат пас аз анҷоми вохӯриҳои расмӣ ва гуфтушунидҳои сатҳи баланд дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи  туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.

Азим Иброҳим ва Маметхон Чакиев ба мувофиқа расиданд, ки байни  марказҳои логистикии ду давлат ҳамкории зич ва мутақобилан судманд намуда, ба нархгузорӣ муносибати ягона зоҳир карда, барои хизматрасониҳои байналмилалии боркашонӣ нархҳое ҷорӣ мекунанд,  ки барои интиқолдиҳандагон қулай бошанд.

Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои  миллии  халқи туркман,  Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёт ва боркашониро баррасӣ намуданд.

Ба дурнамои густариши интиқоли транзитии борҳои тоҷик тавассути Туркманистон ва бунёди  долони нақлиётӣ, ки ду давлатро бо дастрасӣ ба баҳри Каспий ба ҳам мепайвандад, диққати махсус дода шуд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки талошҳои ҳарду давлат бояд барои расидан ба ҳадафи асосӣ – бунёди инфрасохтори боэътимод ва муосир, ки  системаҳои нақлиётии Осиеи Марказӣ ва дигар минтақаҳоро таъмин метавонд, равона карда шаванд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷуҳмурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2024 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд