Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад

Май 17, 2024 09:52

ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 май бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории илмӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академия Қобилҷон Хушвахтзода  Президенти шуъбаи синзянии Академияи илмҳои Чин Чен Си ва Президенти Ассотсиатсияи синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчиангро ба ҳузур пазируфт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин академия.

Дар мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Қобилҷон Хушвахтзода ба меҳмонон оид ба фаъолияти пурсамари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии мардумии Чин маълумот дода,  афзуд, ки санадҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмии ҳарду ҷониб ҳанӯз соли 2014 ба имзо расидаанд.

Дар асоси созишномаи имзогардида соли 2016 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки ин аввалин муассисаи муштараки барҷастаи Чин ва Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон оид ба ҳамкории тарафайн ва равнақ додани робитаҳои илмии ҳарду давлат дар арсаи байналмилалӣ изҳори назар карда шуд.

Президенти шуъбаи синзянии Академияи илмҳои Чин Чен Си оид ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар оянда беҳтар ва дар низоми сифатан нав амалӣ намудани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи илм ибрози андеша намуд.

Иброз гардид, ки бояд дар якҷоягӣ ва тибқи низомномаи ҳамкорӣ барои омода намудани олимони ҷавон дар бахшҳои гуногуни илмӣ тадбирҳо андешида шаванд.

Ҳамзамон меҳмонон таклиф намуданд, ки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода моҳи июни имсол дар намоиши Экспо Евразия 2024 (EXPO EURASIA) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок кунад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 17, 2024 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд
Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид