Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар нахустин фестивали Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Душанбе иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчӯби таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фестивали футбол дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рустами Эмомалӣ ҷашнвораро ифтитоҳ намуда, тамоми иштирокчиёнро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфтанд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба кӯдакон таманнои онро намуданд, ки минбаъд низ ба варзиши дӯстдоштаи худ – футбол машғул шуда, ба қуллаҳои баланди варзишӣ бирасанд.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин ба Созмони Милали Муттаҳид барои эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Федератсияи байналмилалии футбол барои дастгирии ҳамаҷониба дар пешбурди ҳафтаи футбол дар саросари ҷаҳон изҳори сипос намуданд.



Собиқ нимҳимоятгари дастаи «Челси»-и Лондон ва тими миллии Нигерия Ҷон Оби Микел ҳамчун меҳмони фахрӣ дар фестивал иштирок дошт.
Дар фестивали футбол 600 кӯдаку наврас иштирок намуданд. Фестивал аз машғулияти гуногуни шавқовар иборат буд. Мақсади асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаҳои варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол мебошад.
Баъди анҷоми фестивал ба иштирокчиён тӯбҳо тақдим карда шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон























Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд






