ҚАЛЪАИ ЯМЧУН — ҚАДИМТАРИН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Ин ёдгории фарҳангӣ дар ҳаҷми 4,2 миллион доллари амрикоӣ навсозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қалъаи Ямчун яке аз қадимтарин қалъа дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки дар асри III пеш аз мелод то асри VIII мелодӣ дар қаторкӯҳи Вахони Бадахшон, дар болои теппа, назди дарёи Ямчун қомат афрохтааст. Он бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 4,2 миллион доллари америкоӣ навсозӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот бо корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии қалъаи Ямчун дар ноҳияи Ишкошим шинос гардид.
Дар баробари азнавбарқароркунии қалъаи мазкур, инчунин барои омадани сайёҳонони хориҷиву дохилӣ ба ин мавзеъ роҳи пиёдагард ба сӯи қалъа таъмир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки қалъа дар баландии 3164 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин қалъа дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим дар масофаи 178 км аз маркази маъмурии вилояти Бадахшон- шаҳри Хоруғ ва аз маркази ноҳияи Ишкошим дар масофаи 72 км қарор дорад.
Қалъаи Ямчун ҳамчун калонтарин ёдгории таърихии Тоҷикистон дар баробари 7 ёдгории дигари маъруфи Тоҷикистон дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои роҳи Абрешим» сабт шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд






