БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛӢ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона барои 12 ҷой муҳайё карда шудааст.
Бо ба истифода додани бинои мазкур 4 нафар сокинони ноҳия ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ҳамчунин дар маркази ноҳия бинои ҳаммоми ҷамъиятӣ ба истифода дода шуд.
Ҳаммом дорои шароити муосири хизматароснӣ буда, имкон дорад, ки дар як вақт 20 нафарро қабул намояд.
Раиси вилоят инчунин дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Бобои Шамс» шинос шуд.
Масоҳати умумии боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Бобои Шамс» 1 гектарро ташкил намуда, дар майдони 1 гектар замин 2200 дона ниҳоли нок шинонида шудааст.
Хоҷагидор Мирмад Назаров дар қатори ниҳолҳо дар майдони 0.40 гектар картошка, 0.30 гектар помидор, 030 гектар зироати полезӣ, бодиринг ва каду кишт кардааст.
Айни замон нашъунамои боғ ва зироат бо қоидаҳои агротехникӣ мутобиқ коркард карда шудааст.
Ба кишоварзону боғдорон ва масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия барои истифодаи самараноки ҳар порча замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар, содироти он ва дар ин замина саҳм гузоштан дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру тавсияҳои дода шуд.
Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо фарҳанги самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Қудрат Шамсов низ шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати қитъаи замини наздиҳавлигӣ 0,20 гектарро ташкил дода, дар он дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла себ, нок, зардолу ва гелос ба миқдори 100 бех мавҷуд мебошад. Дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар майдони 0,10 га картошта, 0,5 га помидор, бодиринг ва каду кишт карда шудааст.
Инчунин дар хоҷагии ёрирасон як сар чорвои калони шохдори зоти сиёҳало парвариш ёфта, хоҷагиро пурра бо маҳсулоти ширӣ таъмин менамояд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 6 ҳазору 260 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 2809 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон