Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми аъзои Гурӯҳи кории бисёрҷониба барои баррасии Харитаи роҳ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Қиёмиддин Давлатзода дар доираи лоиҳаи «Кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи 3-юми аъзои Гурӯҳи кории бисёрҷониба баҳри баррасии Харитаи роҳ барои озмоиши 3 равияи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи рушди малака баргузор гардид.
Тавре дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа Харитаи роҳ барои татбиқи якчанд чорабиниҳо аз моҳи июни соли 2024 то декабри соли 2027, зарурати таъсиси шарикии давлат ва бахши хусусӣ, нақши кумитаҳои соҳавӣ ва Гурӯҳи кории бисёрҷониба дар амалӣ намудани чорабиниҳои дар Харитаи роҳ пешбинишуда, ҳамкории Гурӯҳи кории бисёрҷониба ва кумитаҳои соҳавӣ дар самти омӯзиши устувор дар асоси кор, муаррифии вебсайти кумитаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
Ҳадафи Харитаи роҳ фароҳам овардани муҳити мусоид барои озмоиши ҳадди ақалл 3 равияи ҳамкории бахшҳои давлативу хусусӣ бо 20 муассиса, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон мебошад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд






