Деннис Фрэнсис: «Мо имрӯз бе об наметавонем дар бораи рушд ҳарфе бигӯем»

Июнь 11, 2024 12:46

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Об омили муҳим барои расидан ба ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад, зеро ҳадафи шашум маҳз ба об алоқамандӣ дорад. Ҳадафи мазкур ба он равона шудааст, ки одамон, новобаста ба он ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд, бояд ба захираҳои об дастрасии комил дошта бошанд, зеро об манбаи ҳаёт аст», — изҳор намуд Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мулоқоти Дэннис Френсис бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид ва номбурда аз натиҷаҳои мулоқот брифинги матбуотӣ дод.

«Мо имрӯз бе об наметавонем дар бораи ягон рушд ҳарф бигӯем. Маҳз бо ҳамин сабаб ман имрӯз дар Тоҷикистон қарор дорам. Тоҷикистон давлати пешбар дар масъалаҳои об буда, кишварҳои ҷаҳонро барои ҳалли мушкилоти муҳими ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд. Агар мо имрӯз тадбирҷӯӣ накунем, пас яқинан рушди ҷаҳон зарар мебинад. Ба мо зарур аст, ки нақшаи умумиҷаҳонии амал ва қарор қабул кунем, ки чӣ тавр обро истифода барем, сармоягузориро барои истеҳсоли он афзоиш диҳем. Дар ин раванд ман танҳо давлатҳоро дар назар надорам, ҳамчунин бахши хусусӣ, иттиҳодияҳо, шахсони алоҳида низ бояд нисбат ба ин масъала бетараф набошанд. Мо зимни суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор кардем, ки чанде пеш Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи байналмилалии футболро таъсис дод, ки ин қарор ба боз ҳам рушд додани ин навъи варзиш равона шудааст», — гуфт Деннис Фрэнсис.

Раиси иҷлоси 78-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Дэннис Фрэнсис ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ аз таассуроташ нисбат ба Тоҷикистон нақл карда, таъкид намуд, ки хеле хушҳол аст, ки дар ин мамлакати дорои табиати нотакрор қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сангвор бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар ноҳияи Фирдавсӣ доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН — НАМУНА БАРОИ ҶАҲОНИЁН. Мулоҳизаҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин мавзуъ