ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июн, якшанбе, 167-умин рӯзи соли 2024

Июнь 16, 2024 08:00

16 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он масоили таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, оид ба мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, якчанд қарори дахлдор қабул шуд.

***

16 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, масоили омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва тайёрӣ ба зимистонро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.

*** 

Соли 2014 аз  16  то  20  июн  дар  Маркази  фарҳангии  «Бохтар» — и  шаҳри  Душанбе  5  филми  мустанад бахшида ба  мубориза бо  вазъи  зиндагӣ дар  кишварҳои  мухталифи  ҷаҳон  намоиш  дода  шуд.  Филмҳо нишон доданд, ки  имрӯз мардум  бо  якдигар  робитаҳои  зич  дошта, акнун масофаю  масоҳат аҳамият  надорад.

*** 

16 июни соли 2021 Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

16 июни соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар доираи  сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварда,  дар маркази ноҳия  нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барафрохтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ташриф оварда,    нахуст дар деҳоти Нури Вахш бо ҳолати нашъунамои пахтазори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» шинос шуданд.

16 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД 

Рӯзи байналмилалии кӯдакони Африқо.

***

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи ҷавонон.

Июнь 16, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш