ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июн, душанбе, 176-умин рӯзи соли 2024 аст
24 июни соли 2004 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи тасдиқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2008 дар Душанбе Боғи «Пойтахт» ба истифода дода шуд.
***
Соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
10 сол қабл, 24 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид.
***
24 июни соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварданд. Сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуда, баъди шиносоӣ бо лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» Сарвари давлат барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузоштанд.
***
6 сол пеш, 24 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузури давлатӣ — 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд. Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.
***
24 июни соли 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардидааст. Қомат афрохтани ин рамзҳои давлатдорӣ ба симои ноҳия шукӯҳу шаҳомати нав зам менамояд. Бояд гуфт, ки то ин дам дар ноҳияи Тоҷикобод чунин макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Акнун Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия имконияти хубе фароҳам меорад.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ҳамоиш байни кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи тандурустии Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ташкил ва баргузор гардид.
***
24 июни соли 2023 мавсими нави Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал оғоз гардид.
24 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони саноати мошинсозӣ.
***
Дар Венесуэла — Рӯзи артиш.
***
Дар Шотландия — Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Фаронса — Рӯзи эълон намудани ҷумҳурӣ.