Тоҷикистон ва Лубнон масоили тавсеаи робитаҳои судмандро баррасӣ намуданд

Июнь 5, 2024 13:51

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Наҷиб Азмӣ Миқотӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон Зубайдулло Зубайдзода мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масоили вусъат додани робитаҳои судманди Тоҷикистон ва Лубнон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагиашонро ба тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳию сармоягузорӣ, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2024 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНФРОНСИ ЧОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ДУШАНБЕ. Беш аз 100 хабарнигори расонаҳои бонуфузи хориҷӣ рафти онро инъикос мекунанд
Мартин Чунгонг: «Ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба дипломатияи об сазовори дастгирӣ дар ҳама сатҳҳо мебошад»
Донишгоҳи сулҳи СММ саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар сулҳ, рушди устувор ва ҳамкории минтақавӣ қадрдонӣ намуд
Тшилидзи Марвала: «Пешсафии Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи энергияи «сабз» ҷомеаи ҷаҳонро илҳом мебахшад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо як гурӯҳ аз сафирони давлатҳои иштирокдори САҲА мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт мулоқот намуд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Швейтсария дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ба анҷом расиданд