35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом ба масофаи 51 километр навсозӣ мешавад

Июль 19, 2024 10:21

ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом ба масофаи 51 километр ва паҳноии 25 то 45 метр навсозӣ мегардад. Роҳи мазкур аҳамияти байналмилалӣ дошта, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳа, дар доираи корҳои роҳсозӣ бунёди 11 пули мошингузар низ ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид. Аз ҷумла, зимни шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом, дар қитъаи Конибодом-Кӯчкак иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур бо ҷалби мутахассисони ватаниву хориҷӣ навсозӣ шуда истодааст. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки «дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди деҳот ва таъмин намудани шароити хуби зист барои аҳолӣ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд, бунёди роҳҳо, мактабу кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои савдою хизматрасонии маишӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд».

Раиси вилоят барои татбиқи босифати лоиҳа ва тозаву озода нигоҳ доштани шафати роҳи мазкур ба масъулин супоришҳо дод.

Дар идома роҳбари вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби полезӣ, сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 барои 480 нафар, кӯдакистонҳо, тарабхонаи замонавӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ ва коргоҳи коркарди мева шинос шуда, барои бо сифати баланд омода намудани иншооти ҷашнӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини дахлдор дастур дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 19, 2024 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад
Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишасти илмию назариявӣ баргузор гардид
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест
Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад