4364 САДАМАҲОИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР 4 СОЛ. Чӣ тавр пеши роҳи ин ҳодисаҳои нохушро бигирем?

Июль 12, 2024 11:33

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон   аз соли 2020 то 2023 дар умум 4364 садамаҳои роҳу нақлиёт ба амал омадааст, ки дар  натиҷа  1692 нафар ба ҳалокат расида, 4776 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доир ба вазъи амнияти ҳаракат дар роҳҳо, ки соли  2023 нашр гардидааст,  ҳамасола дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт тақрибан 1,3 миллион нафар фавтида, 50 миллион нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд. Ин омор дар ҳар як 24 сония як нафар ва дар як рӯз беш аз се ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфти намояндаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ Ғайраталӣ Саидзода, омилҳое ба амал омадани  аксар  ҳодисаҳои роҳу нақлиёт  ба ҳамагон маълум аст ва  танҳо  дар ҳамбастагӣ  метавон  аз он  пешгирӣ намуд.

«Баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ, ҳангоми мастӣ рондани воситаи нақлиёт, набастани тасмаи бехатарӣ, ҳангоми рондани нақлиёт суҳбат кардан бо телефон, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир накардан ба иштирокчиёни роҳи пиёдагард, аз ҷумлаи сабабҳоеанд, ки дар  ҳолати  пешгирии он метавон пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро бигирем ва бехатарии ҷони худ ва дигаронро таъмин созем. Дар ин самт моро зарур аст, танҳо ба донишҳои назариявӣ такя накарда, дар амал баҳри бартарафсозии ин мушкилӣ саъй намоем»,-изҳор намуд номбурда.

Ба иттилои мавсуф,  дар семоҳаи соли 2024 дар қаламрави мамлакат 232 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 4 адад бештар буда, дар натиҷаи он 100 нафар (ҳамин давраи соли 2023 – 91 нафар) ба ҳалокат расида, 249 (241) тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

20 фоизи осебдидагон бар асари садамаҳои  нақлиётӣ маъюб мешаванд

Бояд гуфт, ки садамаҳои нақлиётӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва умуман ба ҷомеа зарари бузурги иҷтимоӣ, моддӣ ва демографӣ мерасонанд. Сеяки ҳалокшудагонро дар садамаҳои нақлиётӣ  одамони синни фаъолтарини қобили меҳнат (26-40 сола) ташкил медиҳанд. Тақрибан 20 фоизи осебдидагон бар асари садамаҳои  нақлиётӣ маъюб мешаванд. Ба андешаи мутахассисон,  зарари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилгард аз зарари ҳамаи дигар садамаҳои нақлиётӣ (ҳавопаймоҳо, киштиҳо, қатораҳо ва ғайра) бештар аст.

Ғайраталӣ Саидзода изҳор дошт, ки бештари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва велосипедронҳо ба амал омада, нисфи фавтидагон низ дар садамаҳои роҳу нақлиётӣ маҳз пиёдагардҳо, мототсиклронҳо ва велосипедронҳо мебошанд.

«Ҳоло агар дар ҷое таркиш, сӯхтор ва ё ҳодисаи сел ба амал ояд, мардум бо нигоҳи ҳайратовар нигариста, сару садоҳо баланд мекунанд, аммо дар ҳолати ба амал омадани садамаҳои роҳу нақлиёт ба он чандон ҷиддӣ муносибат намекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар натиҷаи садамаҳо одамон осебҳои ҷиддӣ бардошта, дар баъзе ҳолатҳо ҷони худро аз даст медиҳанд, ки ин боиси  нигаронист», — гуфт мавсуф.

Бояд гуфт, ки омори фавти одамон дар садамаҳои нақлиётӣ дар мамлакатҳои дар ҳоли рушд нисбат ба мамлакатҳои пешрафта се маротиба бештар аст. Сатҳи баландтарини фавт дар Африқо- 26,6 ҳолат ба 100,000 нафар ва пасттарин дар Аврупо- 9,3 ҳолат ба 100,000 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон 666 074 воситаи нақлиёти автомобилӣ сабт шудааст

Ба гуфтаи мутахассисон,  афзоиши шумораи мошинҳо дар мамлакат ба тамбашавӣ ва садаманокӣ низ оварда мерасонад. Дар Тоҷикистон солҳои охир шумораи мошинҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат, то 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёти автомобилӣ — сабукрав, боркаш, мусофирбар сабт шудааст. Як сол қабл ин омор ба 601 136 адад баробар буд.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ  562 ҳазор мошини сабукрав сабт шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав сабт шуда буд.

Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ,  то соли 2030 тақрибан 70 фисади аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд кард, ки ин талаботро  ба нақлиёти ҷамъиятӣ дучанд афзун мекунад. Тибқи хулосаи коршиносон,  ҳарчӣ бештар агар намуди нақлиёти ҷамъиятӣ бештар гардад, ҳамон қадар амнияти мусофирон аз садаманокӣ таъмин карда мешавад.

«Бештари садамаҳои нақлиётӣ дар мамлакат дар роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Душанбе то маркази вилояти Хатлон, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва самти минтақаи Рашт рух медиҳанд. Ронандагон дар роҳҳои берун аз маҳалли аҳолинишин суръати нақлиётро зиёд менамоянд, ба сабқат мебароянд, баъдан аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар гардишҳо аз роҳ мебароянд. Ин ҳолат сабаби чаппашавии воситаҳои нақлиёт ва бархурд бо якдигар мегардад, ки дар бештари ҳолатҳо он ба хисороти ҷонӣ оварда мерасонад», -афзуд Ғайраталӣ Саидзода .

Бояд гуфт, ки тарбия ва риоя кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз оила сарчашма мегирад. Ва ҳар яки мо уҳдадору вазифадорем, то дар ин самт нақши худро баҳри баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ гузорем. Зеро ояндаи солим гарави пешравии ҷомеаву давлат аст.

Воқеан, агар имрӯз ҳар як ронандаву пиёдагард  ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷиддӣ муносибат намояд, ба ҳодисаҳои нақлиётӣ ҳам дучор намешаванд ва ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо низ зарар намерасад. Ронандагон ва пиёдагардони мебояд бар он кӯшанд, ки ҳамеша талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд, то ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 12, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар панҷ соли охир музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон 100 фоиз зиёд карда шуд
Дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даври якуми таҳсил оғоз гардид
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд доир ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҳамоиш доир шуд
Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид