Дар Душанбе дар мавсими ниҳолшинонӣ 4300 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов, талу теппаҳои кӯчаи Айнӣ ва оромгоҳи Лучоб, инчунин дар ҳудуди «Боғи Ғалаба»-и пойтахт 4300 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ дода шуд.
Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода изҳор намуд, ки кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза ёфта, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе дар доираи амалигардонии ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат корҳо идома доранд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3139504 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда шуд, ки 129 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, бо мақсади ободу зебо гардондани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат 14568860 бех гулу буттаҳо шинонда шуда, дар майдони 266 647 метри мураббаъ майсазор ташкил гардидааст.
«Чунин аксияҳои ниҳолшинонӣ бо иштироки роҳбарон ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шоҳроҳҳои Душанбе-Ваҳдат-Норак-Кӯлоб, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Ваҳдат-Лахш ва Душанбе-Чаноқ доир гардиданд. Кумита барои боз ҳам сабзгардонии ҳудуди ҷумҳурӣ, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мамлакат «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2024 ба тасвиб расид», -афзуд Лоиқ Раҳмонзода.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад






