ҶОМИ «INNOPROM — 2024». Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз ин мусобиқот бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт

Июль 16, 2024 14:22

ДУШАНБЕ,16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар аввалин мусобиқаи байналмилалии «Инопром-2024» соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки қадршиносии футболбозон баъди бозии ниҳоӣ бо дастаи «Урал»-и Русия ва «Қизилқум»-и Узбекистон доир гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аввалин маротиба дар таърихи фаъолияти худ бо дастгирии роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мусобиқоти аврупоӣ роҳ ёфта, бо дарёфти мақоми ифтихорӣ ва ҷоизаи пулӣ ба Ватан баргашт.

Имконияти мазкур аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб фароҳам оварда шуд, то даста пеш аз бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бозиҳои санҷишӣ баргузор намуда, ба ин мусобиқа омода гардад.

Тавре иттилоъ додем, қуръакашии мусобиқаи мазкур тариқи онлайнӣ баргузор шуда, дар бозии аввали ниманиҳоӣ дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳайати асосии дастаи «Урал»-и Русия аз вилояти Сверловск, ки соли гузашта дар Пример-Лигаи Русия бозӣ мекард, рақобат намуда, бо ҳисоби калонӣ 5-0 шикаст хӯрд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо намояндаи Суперлигаи Сербистон, дастаи ИМТ-Белград ҳунарнамоӣ намуд, ки дар ин бозӣ дастаи мо бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 ғолиб омада, дар аввалин мусобиқаи байналмилалии аврупоӣ соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Бояд гуфт, ки иштирок дар ин мусобиқа барои дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб таъсирбахш буда, дар оянда роҳбарияти даста якҷо бо ситоди мураббиён ва футболбозон барои ба даст овардани зинаҳои аз ин ҳам баланд талош хоҳад варзид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Июль 16, 2024 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад