Сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ва тоҷикони муқими вилояти Свердловск мулоқот намуд

Июль 9, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Свердловск вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Силин Яков баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба омода кардани мутахассисон табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо баррасӣ гардид.

Пас аз анҷоми мулоқот бо ректор, суҳбати сафир бо донишҷӯён, ҷавонон, роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон ва диаспораи Свердловск доир гардид.

Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз ҷумла аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ҳамчунин доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ маълумот дод.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид