Сафири Тоҷикистон дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар», ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур, ки 11-12 июл баргузор шуд, Рӯзи фарҳангҳои миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуда, аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон гӯшаи фарҳанги миллӣ ташкил гардид.
Дар гӯшаи Тоҷикистон либосҳои миллӣ ва китобҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо якчанд забон тарҷума ва нашр шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуда, ба иштирокдорони чорабинӣ оид ба таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик маълумот пешниҳод гардид.
Бахтовар Сафарзода дар доираи чорабинӣ, дар мулоқоти вазирони фарҳанги давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти шиори «Барои сулҳ ва бунёдкорӣ» дар мавзуи «Муколамаи фарҳангҳо-омили ягонагии халқҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай» сухан намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Беларус











Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд






