ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июл, панҷшанбе, 193-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
11 июли соли 2008 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав бо рафти кишти такрории заминҳои обӣ дар кооперативи истеҳсолии «Қаҳрамони озод» аз наздик шинос шуданд. Сарвари давлат дар роҳи бозгашт ба шаҳри Душанбе ҳамчунин шоҳиди кори пурҷӯшу хурӯши аҳли заҳмати хоҷагии Файзбахш-2-и ноҳияи Ҳисор шуданд, ки муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вусъат додани кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсолоти ватании маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии худӣ дастури кори хеш қарор додаанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
15 сол пеш, 11 июли соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «Сеситорагии дараҷаи 1» бо занҷираи заррин ва Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Валдис Затлерсро бо Ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1» сарфароз гардониданд.
***
11 июли соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд. Худи ҳамон рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии (Парлумони) Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳҳои густариши робитаҳои байни ду мамлакати дӯст, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
***
Соли 2017 дар Кохи Борбад мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Зимни суханронӣ Пешвои миллат дар бораи нақши Қонуни мазкур дар пешрафти ҷомеа андешаронӣ карда, ҳадафи баргузории мулоқотро натиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми даҳ соли қабули он маънидод намуданд.
***
11 июли соли 2019 дар Қасри миллат бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
***
11 июли соли 2021 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд.
***
Соли 2023 бо мақсади батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба саҳми замин аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи «Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин» дар таҳрири нав қабул гардид.
11 ИЮЛ:
Рӯзи умумиҷаҳонии нуфуси аҳолӣ.
***
Рӯзи байналмилалии шоколад.