ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июл, шанбе, 188-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1992 Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ» ба имзо расид.
***
6 июли соли 2012 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе анҷом дод.
***
6 июли соли 2013 дар ноҳияи Вахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи бузурги ресандагӣ оғоз бахшиданд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки корхона бо иқтидори солонаи коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта то моҳи сентябри соли 2014 аз ҷониби ширкати ватании Беҳрӯзи Мурод сохта, ба кор дароварда мешавад. Корхона бо харҷи 10 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дар он 350 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 зимни гуфтугӯи телефонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умед карда шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду давлат дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.
***
6 июли соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии «Маркази байналмилалии молиявии Остона» иштирок намуданд.
***
Соли 2018 масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
***
6 июли соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи V байналмилалии савдои «Суғд-2018» ба кор оғоз кард, ки дар он беш аз 320 нафар соҳибкору тоҷир ва намояндагони қариб 200 ширкати дохилию хориҷӣ, чун Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, инчунин соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ иштирок намуданд.
***
6 июли соли 2021 Бунгоҳи иттилоотии Ҷумҳурии Арабии Миср «Ал-Хабар-ул-явм» мақолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зери унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ ба хотири субот ва шукуфоӣ», ки 15 июн дар АМИТ «Ховар» интишор ёфта буд, бознашр намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) нишасти асосии Гурӯҳи Электорат баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
***
6 июли соли 2023 дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои навбунёди Маркази ташхисӣ — табобатии «Садаф»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
6 ИЮЛ:
Дар Лесото – Рӯзи оила.
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи пойтахт.