ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 июл, сешанбе, 191-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 9, 2024 08:00

9 июли соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Голландия «Тоҷик Тел» мавҷи телефонӣ сар дода шуд.

***

Соли 2002  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда,  дар маҷлиси фаъолони шаҳру ноҳияи Исфара иштирок ва суханронӣ  намуданд. Маҷлис таҳти раёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар он вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияи Исфара мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.

***

14 сол пеш дар ин рӯз Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Истаравшани бостонӣ  мактаби нави  деҳаи Найманро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Баъдан  Сарвари давлат бо роҳбарият ва фаъолони шаҳри Истаравшан мулоқот намуданд.

***

9 июли соли 2012  Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори вақти Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзуи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

9 июли соли 2018 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахти мамлакат машварати корӣ доир намуданд.

***

9 июли соли 2021 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  як  зумра соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар бунёди бино ва иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда  гузоштаанд, аз тарафи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вақтии  вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷоизаи «Ободгари Ватан» ва «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.

***

Соли 2022 дар фазои ҳавоии Тоҷикистон долони нави ҳавоии FUNSE ва хатсайри ҳавоии Z767 ифтитоҳ гардидааст.

9 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии теннис.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ.

***

Дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз.

Июль 9, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст