Жило Гулназарзода: «22 донишҷӯ дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Чин таҳсил доранд»

Июль 6, 2024 15:14

ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи созишномаҳои баимзорасида, 22 донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Чин таҳсил менамоянд. Ин матлабро ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода 4 июл зимни баргузории маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон, баён кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, яке аз ҳадафҳои донишгоҳ ин таҳсил ва табодули таҷрибаи донишҷӯён дар хориҷи мамлакат мебошад.

Ба гуфти Жило Гулназарзода, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони забоншинос, омӯзгор ва тарҷумонҳои рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат мусоидат карда, барои татбиқи рисолати донишгоҳ ва баланд гардидани рейтинги он дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ пайваста саъю талош менамояд.

Иброз гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои забондон, дар донишгоҳ дар баробари омӯзгорони соҳибтаҷриба 7 нафар омӯзгори хориҷӣ фаъолият намуда истодаанд.

«Дар шаш моҳи аввали соли 2024 50 нафар волонтёри забондон дар Мусобиқаи байналмилалии «Grand slam – 2024» ва 25 нафар волонтёри забондон дар Форуми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» меҳмононро ҳамроҳӣ карданд, ки натиҷаи фаъолияти пурсамари омӯзгорони донишгоҳ мебошад»,-иброз дошт Жило Гулназарзода.

Таъкид гардид, ки робитаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи ҳамкории мутақобилаи судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат дар ин давра 11 созишномаи нави ҳамкорӣ ба тавсиб расонида шуд, ки дар умум теъдоди созишномаҳо ба 57 адад расид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Июль 6, 2024 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои томактабӣ бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон сатҳи дониш ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ баланд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ 13 Шурои экспертӣ фаъолият доранд
Соли равон 85 хатмкунандаи Академияи идоракунии давлатӣ соҳиби дипломи аъло шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Академияи идоракунии давлатӣ аз рӯйи 31 ихтисос мутахассис омода менамояд
Дар Душанбе вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи металлургия баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кооператсия дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Соли равон 12 номгӯй китоби дарсӣ барои синфҳои 5-6 нашр карда мешавад
Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ оғоз гардид
Доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд