Чаро ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мардон бештар муроҷиат мекунанд?

Август 10, 2024 11:24

ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 август) иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол 1291 мард ва 278 зан ба Кумитаи кор бо занон ва оила аз зӯроварӣ шикоят кардаанд. Дар байни шахсони аз зӯроварӣ шикояткунанда шумораи мардон нисбат ба занон бештар аст.

Саволе ба миён меояд, ки чаро ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат бештар мардон муроҷиат мекунанд?

«Занон нисбат ба мардон бештар ба хушунат гирифтор мешаванд, вале занони мо ба хотири вайрон нашудан ва мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи худ ба мақомот кам шикоят мекунанд», — чунин гуфт Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Бино ба иттилои Бунафша Файзиддинзода, яке аз омилҳои кам нишон додани шумораи шикояткунандагон аз зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила маҳз ҳамин аст.

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити деҳот баъзе раисони маҳаллаҳо ва шахсони калонсоли деҳа, ки дар байни мардуми маҳаллӣ обрӯю нуфузи хосса доранд, занону духтарони ба хушунату зӯроварӣ гирифторшударо ба сабру тамкин даъват намуда, таъкид мекунанд, ки зан набояд асрори хонаи шавҳарашро фош созад. Ҳамаи ин боиси он мегардад, ки занҳо нисбат ба мардон бештар таҳаммул карда, сирри оиларо пӯшида нигоҳ дошта, пеши касе аз зӯроварӣ дар оила шикоят намебаранд»,-иброз дошт Раиси Кумитаи кор бо занон.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2024 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 85,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Дар платформаи электронии махзани иттилоотӣ-ҳуқуқии адлия санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ рақамикунонӣ шуданд
Сокинони деҳоти Зонг ба таври муваққатӣ ба урдугоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа кӯчонида мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати адлия платформаи нави Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ баргузор мегардад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҳамоиш доир гардид
Маркази миллии патенту иттилоот 447 тамғаи молиро сабт намудааст
Шумораи парвандаҳо вобаста ба риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» зиёд шудааст
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-АСОСГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Дар ноҳияи Восеъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Шаҳристон кумаки Ҳукумати Тоҷикистон дастрас гардид
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар Тоҷикистон гармии баланди ҳаво то 10 август боқӣ мемонад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Вазорати адлия 1243 санади ҳуқуқии байналмилалиро баррасӣ намуд