ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар Тоҷикистон гармии баланди ҳаво то 10 август боқӣ мемонад

Август 8, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. То 10 август ҳаво дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, давоми се рӯзи дигар дар тамоми минтақаи мамлакат ҳарорати баланд дар назар аст. То нимаи моҳ низ гармӣ то 39 дараҷа боқӣ монда, эҳтимол аз нимаи дуюми моҳ ҳарорат дар мамлакат паст гардад.

Давоми моҳи август дар вилояти Хатлон то 37 дараҷа, Суғд то 35 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 35 дараҷа гарм мешавад.

Ба гуфти Ҷамила Байдуллоева, то 15 август дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳритус ҷангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ин рӯзҳо то 43 дараҷа гарм мешавад.

8-9 август бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 8, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид